Хуш омадед ба саҳифаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии нейроҷарроҳӣ ба номи Николай Нилович Бурденко

Маълумоти мухтасар

Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии нейроҷарроҳӣ ба номи Н. Н. Бурденко калонтарин дармонгоҳи нейроҷарроҳӣ дар ҷаҳон буда, соли 1932 таъсис ёфтааст ва ба гирифторони касалиҳои системаи марказӣ ва периферикии асаб кӯмак мерасонад.

Дар Пажӯҳишгоҳи ба номи Н. Н. Бурденко тайи 84 соли фаъолият анъанаҳои пойдори клиникию илмӣ ба иттифоқ афтода, дараҷаи баланди ташхис ва табобати патологияи нейроҷарроҳиро таъмин менамоянд.

Айни ҳол бо супориши президенти Федератсияи Руссия дар асоси Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии нейроҷарроҳӣ ба номи Н. Н. Бурденко маркази миллии илмӣ — амалӣ таъсис шуда истодааст.

Самтҳои фаъолият

Патологияи асосии системаи асаб

  • Бемориҳои рагухунӣ
  • Нейросаратоншиносӣ
  • Нейроосебшиносӣ
  • Бемориҳои нейродегенеративӣ
  • Бемориҳои модарзод
  • Гидросефалия
  • Эпилепсия
  • Ихтилофоти функционалӣ
  • Бемориҳои илтихобӣ ва паразитӣ

Технологияи муосири нейроҷарроҳӣ

  • Нейровизуализатсия
  • Микронейроҷарроҳӣ
  • Нейроэндоскопия
  • Нейроҷарроҳии дохилирагӣ (эндоваскулярӣ)
  • Радиоҷарроҳӣ ва радиотерапия
  • Нейроҷарроҳии функсионалӣ
  • Нейроҷарроҳии бозсозӣ (реконструктивӣ)

Маълумот оид ба тамос

Телефонхо

  • Маскав +7 (499) 972-85-85, +7 (926) 846-32-00;

Пажӯҳишгоҳ дар якчанд бино ҷойгир шудааст. Бинои асосӣ (корпуси ҷарроҳӣ), ки дар он ҳамаи шӯъбаҳои асосӣ ва қисми маъмурӣ — рӯзгорӣ ҷой дода шудаанд, бинои «нав» — и Пажӯҳишгоҳ номида мешавад. Корпуси шӯъбаи илмӣ — ташхисиро бинои «кӯҳна» меноманд.

Суроғаҳо

  1. Бинои нав: кӯчаи 4-я Тверская- Ямская, 16, Маскав, Руссия
  2. Шӯъбаи илмӣ - ташхисӣ, дармонгоҳ (бинои кӯҳна): 1-й Тверской — Ямской переулок, 13/5, Маскав, Руссия

Почтаи электронӣ info@nsi.ru

Сайт www.nsi.ru